БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ СОКИНОН! – баргузории қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати шаҳраки Палос

Бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода дар Ҷамоати шаҳраки Палос қабули сайёри сокинонро доир намуд.
Дар ҷараёни ин вохӯрии муҳим сокинони ҷамоат бо арзу дархост ва пешниҳоди худ ба роҳбари шаҳр муроҷиат карда, масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодиро матраҳ намуданд. Аз ҷумла, муроҷиаткунандагон доир ба беҳтар намудани шароити зист, таъмири роҳҳо, таъмини оби нӯшокӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Раиси шаҳр ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро бо диққати махсус шунида, барои баррасии саривақтӣ ва ҳалли онҳо ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зикр гардид, ки таъмини шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон ва ҳалли мушкилоти онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуда, чунин мулоқоту қабули шаҳрвандонро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.