ПАЙМОНИ ҶАВОНМАРДӢ ВА САДОҚАТ БА МАРЗУ БУМИ АҶДОДӢ! – сарбозони навдаъват савганд ёд карданд

Дар қисми ҳарбии 051056 – и Гвардияи миллиии Суғд ба ифтихори савгандёдкунии сарбозони навдаъват ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба Рӯзи қабули савганди ҳарбиро ба самъи хизматчии ҳарбӣ расонид.
Дар ҳамоиш ҳамзамон командири қисми низомӣ Абдусалом Одиназода андешаронӣ карда, волидайн ва сарбозонро ба ин рӯзи фаромӯшнопазир таҳният гуфт.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон , намояндагони Дивизияи 11-уми тирандози савора ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Дар фазои тантанавӣ ва дар ҳузури васеи волидайн сарбозони навдаъват савганд ёд карданд.
Ҷамъомади идона бо гузашти низомӣ ҳусни хотима ёфт.