Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон

Ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза касб намуда, сокинон ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд», воқеъ дар шаҳри Бӯстон пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба иншооти муосири хизматрасонӣ табдил дода мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ барои вусъат бахшидани корҳои навсозӣ, истифодаи санъати волои меъмории миллӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки меҳмонхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмиру навсозӣ шуда, барои қабули меҳмонону сайёҳон бо шароити муосир муҷаҳҳаз мегардад.
Ҳамзамон, дар шафати меҳмонхона корҳои ободонӣ ва барқарорсозӣ дар кӯли шаҳрии Бӯстон низ идома дорад. Бо истифода аз техникаи зарурӣ ва ҷалби мутахассисон корҳои тозакунӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зебо намудани муҳит босуръат пеш бурда мешаванд.
Дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. Пушкин низ ба таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст. Ин муассисаи фарҳангӣ соли 1972 бунёд гардида, масоҳати умумии он 1350 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Театр аз ду ошёна, 14 утоқи корӣ, як толори хурд ва як толори калон бо 280 ҷойи нишаст иборат буда, имрӯз 41 нафар кормандону ҳунармандон дар он фаъолият менамоянд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бинои театр ба таъмири асосӣ фаро гирифта шуда, бо фароҳам овардани шароити замонавӣ фаъолияти ҳунармандон боз ҳам беҳтар мегардад.
Раиси вилоят зимни боздид супориш дод, ки ҳангоми иҷрои корҳои таъмиру навсозӣ ба сифати кор ва риояи талаботи меъёрии соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.