18 августи соли 2023 дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии идона баргузор гардид.Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода кулли собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустиро ба ифтихори иди касбиашон, ки ҳамасола ба рӯзи 18-уми август, яъне санаи таваллуди асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумур, олим, файласуф, донишманд Абӯалӣ ибни Сино тавъам меояд, таҳният намуда, барояшон рӯзгори хушу хуррам, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳо таманно намуд.Зимни ироаи паёми табрикии хеш роҳбари шаҳр оид ба дастгирии давлатии соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки тавассути дастгирӣ ва кӯмакҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустии кишвар баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ корҳои назаррас дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бӯстон ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат шаҳодати гуфтаҳои болост. Ҳоло дар шаҳр беморхонаи шаҳрӣ, муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият менамоянд.Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳр маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол то сол афзун гардида, ба пешрафти бонизоми соҳа мусоидат намуда истодааст. Нигорахон Ғаффорзода оид ба дастовардҳои кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бӯстон ибрози назар намуда, аз саҳми онҳо дар раванди беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мусоидат ба солимии ҷомеа ҳамчун боигарии давлат ёдовар шуд.Дар фазои тантанавӣ ба як қатор табибон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Дар охир, баҳри болидахотирии кормандони соҳаи тиб барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ





