БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ БӮСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30 июл тибқи нақша-чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон”-и пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Маҳмадсаид Шоҳиён-намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Масрур-намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода – котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Нуриддин-Раиси кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзод-Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хайриддин Ҳукмиддинзода – муовини вазири мудофиа, Нигина Анварӣ – муовини вазири кишоварзӣ, Холматиён Рустам муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарализода Ситора-муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шоҳона Одиназода – сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Юсуф Акрамзода – директори КВД ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”, муовини роҳбари дастгоҳи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода -муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат Мӯсоева Рафиқа, Олимӣ Марҳабо, Нигорахон Ғаффорзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонону занон ва сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.Нахуст, аз даромадгоҳи асосии боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” меҳмононро ҳунармандони шаҳри Бӯстон бо садои карнаю сурнай, бо дастовези рақсӣ ва пешниҳоди нону асал аз ҷониби гулдухтарони шаҳр пешвоз гирифтанд.Баъдан, ҳайати меҳмонон аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, ошпазон ва намоишномаҳои варзишӣ боздид намуданд.Дар идома дар амфитеатри боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳри Бӯстон пешниҳоди меҳмонон гардид.Қабл аз оғози барнома муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода суханронӣ намуданд.Зимни суханронии хеш иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода аз рушди босуботи фарҳангу санъат дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Бо ибтикори наҷиби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баргузор гардидани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру навоҳии кишвар аз ҷумла шаҳри Бӯстонро намунаи равшани рушди бемайлони санъату ҳунар ва мусоидат ба рушди соҳа арзёбӣ намуд. Роҳбари шаҳр аз рушди бемайлони шаҳри Душанбе зери роҳбарии раиси оқилу дурандеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар гардида, аз дастовард ва музаффариятҳои сокинон ва меҳмонони пойтахт иброз намуд. Барномаи рангини адабӣ-фарҳангии ҳунармандони шаҳри Бӯстон табъи иштирокдоронро болида гардонид. Дар фарҷом барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-адабӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сипосномаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *