22 июл бо мақсади амалигардонии сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба Ҷамоати шаҳраки Палос ташриф овард. Дар ин рӯз роҳбари шаҳр нахуст аз иншооти таъиноти гуногун, корхонаву марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, варзишгоҳи марказӣ ва роҳу хиёбонҳои ҷамоат боздид ба амал оварда, бо вазъи воқеии кору хизматрасонӣ ва мушкилоти мардум аз наздик шинос шуд.Баъдан мулоқот ва қабули сайёри иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Палос доир гардид.Дар кори мулоқот ва қабули сайёр муовини якуми раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд. Нахуст роҳбари шаҳр оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар ибрози андеша намуд. Ҳамзамон вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ, истифодаи оқилонаву сарфаркоронаи неруи барқ, захираи маводҳои озуқаворӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба Истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоиҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ибрози назар карда шуд.Нигорахон Ғаффорзода аз сокинону аҳли ҷамоатчигӣ оид ба пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ихтиёриёни ҷавон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард. Дар фарҷом сокинони ҷамоат ба роҳбари шаҳр оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ муроҷиат намуданд. Роҳбари шаҳр ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин роҳбари барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои ҷамоат, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, баргузории ҳашарҳои дастаҷамъӣ, ҷалби занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷамоат масъулинро вазифадор кард.
ТАВАҶҶУҲ БА ҲАЛЛУ ФАСЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН





