Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” баргузор гардид

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар эҳё ва рушди суннату анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳиронаву хоса ва дилписанд оростани дастархон, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар дастархони оросташуда ва ба замона мутобиқ намудан он дар тарабхонаи “Хушбахтӣ”-и шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” баргузор гардид.Дар озмуни мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва як қатор занону бонувони барӯманди вилояти Суғд ширкат намуданд.Зимни суханронии хеш роҳбари шаҳр Нигорахон Ғаффорзода иброз дошт, ки тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” доир гардида истодааст. Ҳадафи озмуни мазкур татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳсуб меёбад. Тибқи шартҳои озмун масъулон аз тарабхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ дар озмуни мазкур ширкат намуда, ҳайати ҳакамон ба дастархонҳои оросташуда баҳогузорӣ намуданд.Ба ғолибон туҳфаву дипломҳои дараҷавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуда, ғолиби ҷойи аввал ба даври вилоятии озмун роҳхат ба даст овард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *