Чандке қабл дар доираи тадбирҳои нақшаи амалигардонии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо Фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст ва таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардида хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” бо кормандони ҶДММ “Анҳор” мулоқот доир гардид.Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Бӯстон, Мамнур Нурзода, муовини сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Далер Гардишзода ва комиссари ҳарбии шаҳр Далер Солеҳзода ширкат намуданд. Маърӯзачиён бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти қонунгузории кишвар дар самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, муқовимат ба коррупсия, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб суханронӣ намуданд. Қабул гардидан ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро яке аз қадамҳои устувор дар ҷодаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинон унвон дода, аз иштирокдорон ҷиҳати сафарбарии ихтиёрии ҷавонписарон- фарзандони синну соли даъватӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд. Дар фарҷом байни иштирокдорон ва ҳайати меҳмонон мубодилаи афкор сурат гирифт.
ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДОН АСТ!





