28 апрел бо мақсади амалигардонии ҳадафҳо доир ба рушди соҳаи саноат ва бо ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи дастури раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ муовини якуми раиси шаҳр Баҳодур Яқубзода аз корхонаҳои саноатии шаҳр аз ҷумла, ҶДММ “Суғд-пак”, ҶДММ “Баҳори Бӯстон”, ҶДММ “Хубҷамъинвест” ва КФ “Корхонаи мошинсозӣ” ба амал овард. Ҳамзамон бо роҳбарони корхонаҳо доир ба сифати маҳсулот, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ба роҳ мондани содироти он гуфташунидҳо гузаронида шудааст. Ин тадбири муҳим ҷиҳати амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” роҳандозӣ гардида, тибқи нақша боздид аз дигар корхонаҳои саноатӣ бомаром сурат хоҳад гирифт.
ТАВАҶҶӮҲ БА РУШДИ САНОАТ





