ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯ БА ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚ ВА ҚАДРДОНИИ МУРАББИЁН

Субҳи имрӯз, 30 декабр раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода мураббиёни беҳтарин ва варзишгарони муваффақро ба ҳузур пазируфта, ба варзишгарони муваффақ, ки дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд стипендияи раиси шаҳр ва ба мураббиёни онҳо ҷоизаҳои пулӣ тақдим намуд.

Нахуст роҳбари шаҳр аз дастгирии давлатии варзишгарон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, ба варзишгарон ва устодони онҳо сипосмандӣ баён намуд.Зикр карда шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Бӯстон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 28 июли соли 2022, №163 тасдиқ гардидааст ба варзишгарони муваффақ тақдими стипендия ва қадрдонии мураббиёни беҳтарин ва варзишгарони беҳтарин муқаррар гардидааст.

Дар соли 2025 – варзишгарони шаҳри Бӯстон дар 13 мусобиқаву чемпионатҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла имрӯз 4 нафар варзишгарони беҳтарин, ки дар чунин мусобиқаҳо ҷойҳои сазовори ифтихорӣ гардида, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд бо стипендияи раиси шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, Ҳасанов Аъзамҷон – варзишгар оид ба намуди бокс, сазовори ҷойи дуюм дар мусобиқаи байналмилалии ИДМ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон, Эргашева Ҳалима – варзишгар оид ба намуди қаиқронӣ, сазовори ҷойи якум дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Муҳаммадшариф – беҳтарин варзишгар ва нишонзан оид ба намуди футбол, сазовори ҷойи сеюм дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Сочии Федератсияи Россия, Наврӯззода Ҳилол – варзишгар оид ба намуди Ҷиу-Ҷитсу, сазовори ҷойи дуюм дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори стипендияи раиси шаҳри Бӯстон гардиданд. Ҳасанов Абдусалом – мураббӣ оид ба намуди бокс ва Раҳимов Абдуманон – мураббӣ оид ба намуди Ҷиу-Ҷитсу ҳамчун мураббии беҳтарин бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Мураббиён ва варзишгарон изҳори миннатдории хешро аз роҳандозии чунин иқдоми наҷиб ва дастгирии пайваста ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.