ПАЁМ – ҲИДОЯТНОМАИ ФАРДОИ ДУРАХШОН! – шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

29 декабр дар Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Замира Рустамзода ширкат намуданд.

Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оғоз ёфт. Зикр гардид, ки бо мақсади шаҳри Бӯстон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ имрӯзҳо дар саросари кишвар мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Тибқи нақша тасмим гирифта шудааст, ки чунин мулоқотҳо дар шаҳри Бӯстон доир гардад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян намуда, дурнамои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварро барои солҳои минбаъда равшан месозад.

Мавсуф таъкид намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ, рушди маорифу тандурустӣ, боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор доранд.

Татбиқи самараноки ҳадафҳои дар Паём ироагардида, пеш аз ҳама, ба ҳамбастагии ҷомеа, масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолонаи сокинон, бахусус ҷавонону зиёиён, вобаста буда, саҳми ҳар як шаҳрванд дар корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими арзишҳои миллӣ барои пешрафти шаҳри Бӯстон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.

Шермуҳаммад Шоҳиён – муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ Паёми Пешвои муаззами миллатро роҳнамои асосии рушди ҷомеаи муосир арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар он масъалаҳои калидии тақвияти қонунгузорӣ, баланд бардоштани нақши парлумон дар татбиқи ислоҳоти давлатӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисод ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Дар идома оид ба эълони соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии мардум, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаву хуҷастаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули пешниҳодҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар тадбирҳои шоиста ибрози назар карда шуд.

Мубориза бо ҳамагуна хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар тадбирҳо масъалаҳои меҳварии андешаронии Шермуҳаммад Шоҳиён – муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода иброз дошт, ки Паёми имсола идомаи мантиқии сиёсати созанда, дурбинона ва инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат буда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди саноат ва инфрасохтор, дастгирии соҳибкорӣ, рушди маориф, боло бурдани мақоми занон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ равона гардидааст.

Зимни вохӯрӣ, инчунин, доир ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва аҳамияти эълони «Соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ибрози назар сурат гирифт.

Дар идома роҳбари шаҳр Фирӯза Нуруллозода барои ширкат ва суҳбатҳои пурмуҳтаво ба меҳмонон изҳори сипосмандии сокинонро баён намуда, иброз дошт, ки роҳбарият ва сокинони шаҳри Бӯстон барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Паём аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд.