ПАЁМ РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ВА ДАСТУР БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

23 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров ва и.в. сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Умед Солизода ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 16 декабри соли 2025 мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон муовини якуми раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони маҳаллаҳо, намояндагони занону ҷавонон, сокинон, аҳли ҷомеаи шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок намуданд.

Зимни баргузории мулоқот таъкид гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судмандро роҳандозӣ намудааст. Дар натиҷа, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардидаанд.Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ барои рушди босуботи мамлакат заминаи устувор фароҳам овард.Маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстона, хирадмандона ва дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти шиори ватандӯстонаи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мост» муттаҳид гардида, дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан пешрафтаву мутамаддин саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.Дар идома сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров оид ба ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва таъмини иҷрои муқаррароти паём ибрози назар намуданд.