Имрӯз дар толори Филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо иштироки муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода ва волонтёрон ташкил ва баргузор гардид.Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода оғоз намуда, волонтёронро бо иди касбиашон табрик намуда, қайд кард, ки нақши созандаи волонтёрон дар ҷомеа, саҳми онҳо дар корҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, ободониву созандагӣ ва чорабиниҳои давлатӣ хеле назаррас аст. Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода баромад намуда, аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи ҷавонон ёдовар шуд. Ӯ иброз дошт, ки волонтёрӣ имрӯз ба як ҳаракати умумиҷамъиятӣ табдил ёфта, ҷавонони тоҷик дар ин самт ҳамеша фаъолу пешсаф мебошанд. Тамоми иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон шодбош гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу намуд.Дар ҷараёни чорабинӣ ба 25 нафар волонтёрони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон супорида шуд, ки ин иқдом арзёбии заҳмати содиқона ба хидмати ҷомеаписанди онҳо мебошад.Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, эҳтироми байналмилалии волонтёрон ва арҷгузорӣ ба саҳми ҷавонони фаъоли кишвар ба итмом расид.
Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар шаҳри Бӯстон





