10 март таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мавсума Муинӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарияти ҷамоати шаҳраки Палос, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони соҳаҳои мухталифи шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ширкат намуданд.
Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули ҳайатҳои котибот, таҳририя ва тасдиқи рӯзнома оғоз ёфт.Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои рафти иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 20 декабри соли 2021, №597 “Дар бораи татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар вилояти Суғд”, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати шашум аз 21 декабри соли 2022, №150 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Бӯстон барои соли 2023”, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳисоботи вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон Яқубзода Эраҷ Баҳодур аз ҳавзаи интихоботии Палос №29 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома оид ба “Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 20 декабри соли 2021, №597 “Дар бораи татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар вилояти Суғд” гузориши муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода шунида шуд. Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои зиёдро ба сомон расонида барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №414 “Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва қарори раиси вилояти Суғд аз 20 декабри соли 2021 қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 7 январи соли 2022, №07 “Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла бо ин мақсад дар ин давра як маротиба ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир ба “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки аъзои Шӯро баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои сифатноки “Барномаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” ва “Барномаи миллӣ ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025” баррасӣ гардид.Аз рӯйи масъалаи мазкур Абдуазиз Ҷалилов вакил аз ҳавзаи интихоботии “Абдураҳмони Ҷомӣ” №6 ба музокира баромад.Тибқи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон” Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Донишгоҳ №14 шунида шуд.Баъдан ҳисоботи вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон Яқубзода Эраҷ Баҳодур вакил аз ҳавзаи интихоботии Палос №29, «Оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» шунида шуд.Дар идома қарорҳои раиси шаҳри Бӯстон оид ба тағйиротҳои кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва дигар қарорҳои дахлдори раиси шаҳр аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабул гардиданд. Дар идома сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода суханронӣ намуда, оид ба тадбирҳои иҷрои Стратегия дар шаҳри Бӯстон ва вусъати бештари корҳо дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз масъулин даъват ба амал овард.
Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мавсума Муинӣ баҳри таъмини иҷрои Стратегия ва барномаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа ва вакилони маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи шашум анҷом ёфт.










