21 феврал раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Илҳом Пӯлодзода ба қисмҳои низомии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва хизматчиёни ҳарбиро бо 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд. Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Илҳом Пӯлодзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи сарбозону афсарон расонид.
Гуфта шуд, ки дар зарфи сӣ сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст.Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ хизматчиёни баору нанги Артиши миллиро ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҳният гуфта, барояшон дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ барору муваффақият таманно намуд.Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоиии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.Дар ин радиф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон низ пайваста баҳри муҳайё намудани шароити мусоиди хизмат дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Роҳбарияти қисми низомии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники Гвардия Аъзам Одиназода изҳори сипосмандии кулли хизматчиёни ҳарбиро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста баён намуданд.Дар ин рӯз дар қисмҳои низомӣ дастурхони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии сарбозону афсарон аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд.








