ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

20 феврал бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар кӯчаи Сулҳ ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар соли 2023 оғоз бахшида шуд. Зимни суҳбат бо мутахассисон, масъулини Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва бахши ҳифзи муҳити зист роҳбари шаҳр изҳор дошт, ки бояд ҳангоми шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ пеш аз ҳама макони мувофиқ интихоб карда шуда, қоидаҳои агротехникӣ риоя карда шаванд.

Дар ин рӯз дар ҳудуди кӯчаи мазкур дигар кӯчаҳо 200 бех ниҳоли ҳамешасабзи ороишии санавбар ва дарахти коҷ шинонида шуд. Ба роҳбари шаҳр иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ниҳолшинонии имсола шинонидани наздики 1500 бех дарахтои ҳамешасабзу паҳнбарг пешбинӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати амалинамоии роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарсабзу хуррам намудани шаҳр якҷо бо сокинон мунтазам корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монда, дар масвими ниҳолу гулшинонӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд. Дар ин росто ҳар ҳафта рузи шанбе дар шаҳр бо иштироки доираи васеи кормандони касбу кори гуногун, сокинони шаҳр корҳои тамизкорӣ ташкил карда шуда, гулу буттаҳо, ки ба симои шаҳр ҳусни зебогиро ҷамъ мекунад, шмнонида мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *