18 феврал дар толори варзишии ба номи генерал-майор Рустам Амакиев дар шаҳри Бӯстон бо пуштибонӣ аз мақомоти байналмилалӣ касб намудани гӯштини миллии «Гӯштингирӣ” ҳамоиши варзишгарони шаҳр доир гардид.
Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода, раиси Федератсияи гӯштини миллии “Гӯштингирӣ” дар вилояти Суғд – Шоҳин Гулов, Алибек Дилшодзода – довари байналмилалӣ оид ба гӯштини миллии “Гӯштингирӣ”, директори мактаби варзишии шаҳри Бӯстон Шонаим Бобоев ва дигарон ширкат намуданд.
Нахуст паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба муносибати мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии «Гӯштингирӣ” аз ҷониби муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ба самъи варзишгарон расонида шуд. Зикр гардид, ки рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд. Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои варзиши маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд.
Гуфта шуд, ки гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуда, ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария 22 июни соли 2022 ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Дар идома аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани варзишгарон ва ба тасвиб расидани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ёдовар гардида, чунин иқдомҳоро намунаи равшани дастгири давлатии соҳа унвон дода шуд.
Баъдан мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода вобаста ба рушди бонизоми варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Бӯстон суханронӣ намуда, зикр дошт, ки хушбахтона дастовардҳои варзишии шаҳри мо сол то сол зиёд гардида истодааст.
Аз ҷумла варзишгарони шаҳри Бӯстон соли 2022 дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ иштирок намуда, дар умум 740 медал аз ин 256 медали тилло, 224 медали нуқра ва 260 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин рӯз байни ҷавонону наврасони миқёси шаҳр аз рӯйи 10 вазн мусобиқаи варзишии гӯштини миллии байналмилалии “Гӯштингирӣ” баргузор гардида, ба ғолибон медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.







