КОРВОНИ ВАТАНДӮСТӢ – баргузории маҷмӯи чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ дар қисмҳои низомӣ

17 феврал бо роҳбарии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр таҳти унвони “Корвони ватандӯстӣ” бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии зикршудаи шаҳри Бӯстон як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои рафиқонаи варзишӣ, аёдати модарон ва рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Ҳайати иштирокдорон аз назди маҷмааи варзишии шаҳр то қисмҳои низомӣ роҳпаймоӣ намуданд. Ҳамчун рамзи таҷлил аз 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо такя ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар “Корвони ватандӯстӣ” модарони барӯманди шаҳр бо 30 адад сабадҳои маҳсулоти нониву қаннодӣ, шириниву меваҳо, ҷавонони шаҳр бо 30 адад китобҳои тазанашр бо фарогирии асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори шоиру нависандагони классик ва муосир, адабиёти бадеӣ, варзишгарон бо 30 адад лавозимоти варзишӣ аз қабили тӯбҳои футбол, волейбол ва тахтаи шашкаву шоҳмот, корвони ҷавонон бо 30 адад парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корвони 100 нафараи ҷавонони синну соли даъватӣ дар роҳпаймоии идона ширкат намуданд.

Баъдан дар толори қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллӣ ва 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахуст мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарон, волидайн ва ҷавонони синну соли даъватӣ доир гардид. Нахуст раиси шаҳр кулли собиқадорону хизматчиёни баору нанги Артиши миллиро бо 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи хизмати хубу бобарор бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуд.

Роҳбари шаҳр бо такя ба дастгириву пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани имконият ва шароити мусоиди хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз дар ҳақиқат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи тавоно ва пуриқтидори ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва муҳофизи дастовардҳои истиқлолият, оромиву суботи кишвар табдил ёфтааст.

Мавсума Муинӣ ба сарбозону афсарони шуҷои Ватан ҷиҳати хизмати сарбаландона ба нафъи давлату миллат изҳори сипосмандӣ баён намуда, аз ҷавонони синну соли даъватӣ баҳри пайвастан ба сафи Артиши миллӣ даъват ба амал овард.

Баъдан комиссари ҳарбии шаҳри Бӯстон полковник Далер Солеҳзода оид ба марҳилаҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду камоли Артиши миллии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, ҷавонони матиниродаро ба хизмати бобарору садоқатмандона ба нафъи давлату миллат даъват намуд.

Сипас, як қатор сарбозони шуҷои Ватан барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоид дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандии хешро баён намуда, зикр доштанд, ки ба савганди садоқати худ содиқ хоҳанд монд.

Дар идома роҳбари шаҳр, модарон ва ҷавонони синну соли даъватӣ аз хонаҳои истироҳат, китобхона, толорҳои варзишӣ ва дигар имкониятҳои қисмҳои низомӣ шиносоӣ пайдо карданд.

Баъдан тибқи нақшаи алоҳида бо тақдими 30 адад лавозимоти варзишӣ байни ҷавонони синну соли даъватӣ, варзишгарони мактаби варзишӣ мусобиқаҳои рафиқонаи варзишӣ бо сарбозон сурат гирифт.

Бо тақдими 30 адад китобҳо ба китобхонаҳои қисми низомӣ суҳбату мулоқоти самимӣ ва шарҳу тавзеҳи осори тозанашр аз ҷониби мутахассисони китобхонаи марказии шаҳр сурат гирифт.

Дар идома дар толори қисмҳои низомӣ суҳбати пирони рӯзгордида, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон ва ҷавонони синну соли даъватӣ доир шуд.

Бо баргузории барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанг “Корвони ватандӯстӣ” ба охир расид. Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон 21 феврали соли 2023 дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат маҷлиси тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 феврал дар қисмҳои низомии шаҳр барномаҳои фарҳангӣ бо оростани дастурхони идона дар заминаи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *