Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » 2 нафар хонандаи шаҳри Бӯстон ба гирифтани спитендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид

2 нафар хонандаи шаҳри Бӯстон ба гирифтани спитендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардид 

7

Тавре маълум аст, 19 ноябри соли 2018 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» — и маркази вилоят ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтам Абдуллозода баргузор гардид.

Дар ҳамоиш дар канори муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумии вилоят гирандагони спитендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси вилояти Суғд ва стипендияи раиси шаҳри Бӯстон низ ширкат намуданд.

Боиси зикр аст, ки соли равон 2 нафар хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Нурматова Азиза Фарҳодҷоновна ва Ҳошимов Мирзобаҳоваддин Мирзосаъдиевич ба гирифтани спитендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардида ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтам Абдуллозода стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз байни муҳассилини шаҳри Бӯстон имрӯзҳо 2 нафар ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар ба гирифтани стипендияи Раиси вилояти Суғд ва 22 нафар ба гирифтани стипендияи раиси шаҳри Бӯстон шарафёб гардидаанд.

Шарҳ диҳед