Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Ноябрь 25, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷалби ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои миллӣ

Ҷалби ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои миллӣ 

20171025_122703

Имрӯз, 25 октябр дар саҳни шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон вобаста ба пешгирии гаравидану шомилшавии ҷавонон ва дигар табақаҳои осебпазир ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъбуда аз қабили экстремизм, терроризм, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо донишҷӯёни ин муассиса мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстон – М. Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон – Х. Исмоилов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон – С.Сатторзода, сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – Р. Раҳимова ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Исмоилов Х.М. оғоз намуда, оид ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии далатии ҷавонон ибрози назар намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Нурзода М.М. перомуни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, марҳилаҳои аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар омилҳо ибрози назар намуда, ҷавононро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуд. Номбурда бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон дар кишвар барқарор гардидани сулҳу суботи ҷомеа ибрози назар намуда, ҳамагонро барои саҳмгузорӣ ба рушди босуботи кишвар даъват намуд.

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳимов Р. оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷалби ҷавонон аз муҳоҷират ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ ва дигар омилҳо ибрози назар намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ба забономӯзӣ ва касбуҳунаромӯзӣ ҳарчӣ бештар машғул гарданд.

Дар интиҳо аз ҷавонон барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.

Шарҳ диҳед