Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид 

ҲХДТ

11 декабр дар толори идораи шабакаҳои барқи шаҳри Бӯстон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода, роҳбарони коргоҳу муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Бо интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома ҷаласа ба кори худ шуруъ намуд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Гавҳар Мухторова оид ба фаъолият дар соли 2018 ҳисобот дод.
Мавсуф оид ба баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ, афзоиши шумори аъзоёни ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ ва дигар тадбирҳо ибрози назар намуд.
Аъзои Кумиҷроияи шаҳрӣ Мусаллама Қосимова ба музокира баромада оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар соли 2018 андешаронӣ намуд.
Дар кори ҷаласа баррасии аризаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Гавҳар Мухторова бо сабаби ба кори дигар гузаштан сурат гирифт.
Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва вусъати фаъолият дар бархе аз самтҳои фаъолият андеша ронда, баҳри вусъати корҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масоил ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода низ дар кори ҷаласа ибрози андеша намуда, ҳамагонро бо фарорасии 24-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният гуфт. Мавсуф оид ба вусъати корҳои таблиғотӣ, баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ ва дигар тадбирҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар интиҳо ба як қатор пешсафони фаъолият сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Шарҳ диҳед