Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Сентябрь 26, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷавонон — қувваи бузурги мубориза бар зидди терроризм

Ҷавонон — қувваи бузурги мубориза бар зидди терроризм 

То замоне, ки терроризм ва экстремизм аз байн бурда нашавад, ягон минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.
Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд. Аз талоши дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда байни ҷавонон маҳсуб мегардад. Дар ҷодаи мубориза гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои мушаххас дар роҳи ташаккул ва тарбияи фарҳангии ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон нақши муфиде хоҳад дошд.
Дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба Қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кӯмаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.
Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи сифатан нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо саҳми худро гузорем.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба мувафаққиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳким бахшидан ба сулҳ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик.!
Нест бод терроризм! Зинда бод сулҳу амонӣ!
Н. Ғаффорова
мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 шаҳри Бӯстон