Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҷавонон набояд фирефта шаванд

Ҷавонон набояд фирефта шаванд 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосия 72-юми Маҷмааи умумии СММ иброз доштанд, ки: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди руйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифродгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гуруҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».

Таърих шоҳиди ҷангу низоъҳои хунин аст, ки бештар руйи ихтилофи динӣ-мазҳабӣ тамаркуз мекунанд доираи ихтилофи динӣ ва мазҳабӣ дар Шарқи мусулмонӣ бар асари ноогоҳӣ, камдонишӣ, бефаҳмӣ, ҷаҳлу таассуф ва саранҷом беҳувиятии як қишри авомфиреби руҳонӣ, ки маъмулан бо ном ё титулҳои мулло, шайх, суфӣ, зоҳид, эшон ва амсоли инҳо миёни ҷомеа мушаххас мешаванд тавсеа ва густариш меёфт.

Диққати рӯзафзун ба ин масъалаи мубрам аз он бар меояд, ки дар ақсои олам, хоса дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати Исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ун-нусра» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғин кашида мешаванд. Мутаассифона, миёни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳаёст. Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаи худ низ аст. Зеро асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад.

Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, ки ба тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон бетараф нест, вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукургузорӣ намуда, баьри он ьиссаи хешро гузоранд.

Мирзоева Ҳабиба,

омӯзгори МТМУ № 10 ш. Бӯстон

 

Шарҳ диҳед