Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҳар кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад…

Ҳар кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад… 

o-2

Хабари шуми нооромии вазъ дар ноҳияҳои сарҳадӣ ва рехтани хуни се сарбози Ватани маҳбубамон дар сарҳади деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хеле озордиҳандаю ранҷовар аст. Ҷойи таассуф аст, ки то замоне, ки бар асари воқеоти маълум сарҳадҳои давлати мо бо бародарони узбек баста буд, бо қирғизҳо мушкил надоштем, вале ҳамин ки муносибатҳои ҳамсоягӣ ба роҳ монда шуданд, мушкил бо қирғизҳо ҳам ба вуҷуд омад…Оё намеандешем, ки сабаб дар чист? Киҳо намехоҳанд, ки мардуми як минтақаи бузург дар ҳамзистию осоиштагӣ зиндагӣ намоянд? Кистанд онҳое, ки пешрафту оромии минтақаро намехоҳанд? Кистанд онҳое, ки пешравии ҷомеаи моро дида наметавонанд?

Ба гумони қавӣ ин бадандешиҳо натиҷаи фаъолияти гурўҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳу иғвогарест, ки оромию осудагӣ ва сулҳу суботи минтақа барои онон хушоянд нест, вале набояд фаромўш кунанд, ки чунин бадхоҳон ҳатман ба гирдоби хуни худашон ғалтон хоҳанд шуд.

Лаънати халқ бод бар он кас,

Ки зи дунҳиматию беорӣ.

Хўрда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ.

Мутаассифона, дар бархе аз расонаҳо ба таври яктарафа маънидод кардани кирдорҳои разилона касро ба тааҷҷуб меорад. Ҳол он ки мардуми маҳаллӣ боре дар ёд надоранд, ки байни аҳолии Овчиқалъача ва ҳамсоягони онҳо ихтилофе сар зада бошад, зеро барои мардуми сарҳадии кишвари ҳамсоя Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буд: онҳо бо истифода аз ҳамзистии осоишта бемалол ба бозорҳои минтақа омада заруриёти рўзгори хешро таъмин мекарданд.

Ҳофиз беҳуда нагуфтааст, ки «ҷанги ҳафтоду ду миллат, ҳамаро узр бинеҳ // Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд».Ҷанг дар ягон давлати дунё барои тасҳили муаммоҳои ҷойдошта мусоидат накардааст. Зеро таърих ҳодисоти зиёдеро дар худ маҳфуз доштааст, ки ҷангҳои бисёрсола дар ниҳоят мардумро хастаю хонахароб сохтааст.

Санаи 17-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии «Қизил Бел» мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баргузор гардида, зимни мулоқот чораҳои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар баррасӣ гардид. Ҳардуҷониб дар робита ба задухўрди мусаллаҳонае, ки боиси ҳалокати сарбозон гардид, изҳори таассуф намуда, ба роҳбарони мақомоти маҳаллии ду кишвар дастур доданд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон пурзӯр намоянд.

Мо итминони комил дорем, ки дар ниҳоят ақли солим ғалаба хоҳад кард ва дар ин минтақа оромию осудагии ҳамешагӣ барқарор хоҳадшуд.

Дар ниҳоят, инсоният бояд ба маърифати ин нукта бирасад, ки «замин ҳамчун маскани инсоният ба ҳеч ваҷҳ дар байни фарзандони одам қисмат нахоҳад шуд». Мавлавӣ беҳуда нафармудааст:

Ҳаст берангӣ усули рангҳо,

Сулҳҳо бошад усули ҷангҳо.

Тоҷибой Султонӣ,
адабиётшинос

Шарҳ диҳед