Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Ноябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ҳамлаи ноҷавонмардонаро маҳкум менамоем!

Ҳамлаи ноҷавонмардонаро маҳкум менамоем! 

Ҳамлаи хоинонаи душманони миллат субҳи рӯзи 6 ноябри соли 2019 боз як амали бадхохонаи эшон буд, ки хушбахтона ба мақсади худ нарасида, аз тарафи кормандони мақомоти кудратии кишвар 15 нафарашон безарар гардонида шуда, 5 нафари дигарашон дастгир карда шуданд.
Мо шаҳрвандони саодатманди шаҳри Бӯстон ин амалҳои разилонаи ҷангҷӯёни ДОИШ-ро сахт маҳкум менамоем. Давлату Ҳукумати мо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷӯёнаро пеш гирифтааст. Мардуми шарафманди тоҷик, ки ҷанги шаҳрвандии хонумонсузро солҳои 90-уми асри 20 аз сар гузаронидааст, ҳаргиз ҷонибдори ин гуруҳҳои террористию ифротгаро намегардад.
Ин хоинони миллат мехоҳанд ба амнияти кишвари мо халал эҷод намуда, ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Имрӯзхо моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, нигоҳбон ва муҳофизи ин кишвари маҳбуб бошем.
Анвар Саидов,
сокини шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед