Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 23, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ…

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ… 

Боиси зикр аст, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, иқдомоти судманди кишвари мо дар самти пешгирии чунин падидаҳои хатарнок аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии кишварҳои олам ҳамовозии хоса пайдо карда истодааст.

Аз ҷумла тавре маълум аст, бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки дар он намояндагони аксари кишварҳои олам ширкат ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла зимни суханронии хеш Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар оид ба ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии кишвар ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, таҳният гуфт.

Номбурда дар баробари густариши зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили терроризм ва экстремизм ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ҳизби қалбакӣ ва кори одамони гумроҳ азёбӣ намуда, қайд намуд, ки “Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”.

Дар идомаи суханронӣ Мубашар Ҷовид Акбар оид ба муттаҳид ва муҳофизат намудани ҳаёт ва тамаддуни бани башар ибрози назар намуда, пешниҳод намуд, ки “Мо бояд на танҳо душманони алоҳида, балки ҳамаи системаҳои дастгирии онро ошкор созем. Мо бояд ба саволҳои ошкоро ҷавобҳои дуруст дошта бошем. Террор аз куҷо маблағгузорӣ карда мешавад?” Бо дарки гуфтаҳои амиқу возеҳи Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар андешаҳои мавсуфро оиди дар Ҳиндустон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф намудани ҳизби мамнӯи наҳзат ҳамчун изҳори ҳамдилии мардуми дӯсти Ҳиндустон ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоем.

Бо дарки муҳимияти сулҳу субот ва оромиву тинҷии кишвари маҳбуб мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба тадбирҳо ва кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар атрофи Сарвари давлат ҳамчун фарзандони як оилаи тифоқ муттаҳид гардида, садди роҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва ифротисозии шуури ҷавонон хоҳем гардид.

Мамнур Нурзода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед