Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Ноябрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ғолибияти дастаи шаҳри Бӯстон дар озмуни вилоятии «Расми беҳтарин»

Ғолибияти дастаи шаҳри Бӯстон дар озмуни вилоятии «Расми беҳтарин» 

36650081_1104653183023770_4888769180624486400_n

5 июл дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он» озмуни вилоятии «Расми беҳтарин» дар мавзӯи «Нашъамандӣ вабои аср» бо ҷалби наврасону ҷавонон ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миëнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар кори озмун дастаи шаҳри Бӯстон фаъолона иштирок намуда, маҳорат ва малакаи хешро аз рӯи шарти расмкашӣ дар мумфарш нишон дода, расмҳои кашидаашон писанди иштирокдорон ва аъзои ҳакамони озмун гардид.
Дар натиҷа ғолибият насиби дастаи шаҳри Бӯстон гардида, ба аъзои даста туҳфаи хотиравии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Шарҳ диҳед