Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Ноябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Эҳтиром нисбати забони давлатӣ

Эҳтиром нисбати забони давлатӣ 

Забони модарӣ барои ҳар як шахс чизи аз ҳама муқаддас маҳсуб меёбад. Забони давлатии мо – забони тоҷикӣ буда, яке аз забонҳои қадимтарин ва зебову шево мебошад, ки бояд ҳар фарди тоҷик онро эҳтиром намуда, ба қадри кофӣ омӯзад, гуфтугӯ карда тавонад ва ба наслҳои ояндаи низ омӯзонад. Муҳим он аст, ки кӣ будани худро наврасону ҷавонони имрӯза донанд ва муаррифгари забони давлатии хеш гарданд. Чӣ тавре ки ба ҳамагон аён аст, забон воситаи алоқаи байни инсон аст. Ба воситаи забон мо гуфтугӯ мекунем, фикри ҳамдигарро мефаҳмем ва андешаҳои худро баён мекунем. Дар ҳамин маврид эҳтиром нисбати забони давлатиро бояд ба ҷо орем. Дар вақти сӯҳбат, андешаронӣ ва муҳокимаи ин ё он масъала бо забони ноби тоҷикӣ, яъне аз забони адабӣ истифода барем. Дар баъзе мавридҳо бархе аз шаҳрвандон забонро омехта карда гуфтугӯ мекунанд, ин ноҳурматӣ нисбати забони давлатӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ таърихи қадима дорад, ки мо ҳамеша онро дар асарҳои шоирону нависандагони адабиёти тоҷик эҳсос мекунем. Солҳои тӯлонист, ки онҳо дар асарҳои худ зебоию назокати забони тоҷикро нигоҳ доштаанд. Забони тоҷикӣ ифтихору номбардори мост. Бо ин забон Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ва Камолу дигарон бо шеъру асарҳои худ забони тоҷикиро дар олам машҳур гардонидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар баромадҳояшон таъкид мекунанд, ки бояд ҷавонони имрӯза на камтар аз панҷ забонро донанд, омӯзанд. Дуруст аст, лекин надонистани забони давлатии худ омӯзиши дигар забонҳоро мушкил менамояд. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон — осон гардад.
Баҳри баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ имрӯзҳо бисёр корҳо анҷом ёфта истодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди тоҷикро зарур аст, ки дар худ ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми забони миллати хешро ҷой диҳад ва баҳри эҳтиром ва нигоҳдории забони давлати худ ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.
Мо бар зидди он андешаҳое ҳастем, ки имрӯз хоинону бадхоҳони милллати тоҷик аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ даъвои онро доранд, ки хати крилӣ бар хати форсӣ иваз карда шавад. Зеро ин бадхоҳону нотавонбинон ба мисли забони давлатӣ ва ҳамагуна муқаддасотро омодаанд ба хотири ба даст овардани манфиатҳои худ бишурӯшанд.

Юсупова Н.У.,
омӯзгори фанни забони давлатии гимназияи №1

Шарҳ диҳед