Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Апрель 25, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » ЭҲТИРОМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

ЭҲТИРОМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ 

DSC01971

Имрӯзҳо тибқи нақшаи кории комиссияи вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар коргоҳу муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон санҷиши ҳолати насби шиору овезаҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Аз ҷумла имрӯз 12 апрел бо иштироки шахсони масъул оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон Фотима Ҷалолова ва Гулсара Аҳророва — устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзадҳои имлҳои филологӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Паёми Бӯстон» Саидмаҳмад Шодиев дар бозорҳои «Помир-Суғд» ва «Сомон»-и шаҳр санҷиши ҳолатҳои насби шиору овезаҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон раванди ҳуҷҷатгузории бозорҳои мазкур мавриди санҷиш қарор гирифта. барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

Шарҳ диҳед