Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Июль 9, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуб

Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуб 

Экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср рӯз аз рӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда истодааст, ки хатари калон барои тамоми сайёраи мо буда, бадбахтиҳои зиёде меорад.
Терроризм имрӯз ҳеҷ як фарди солимақли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯз бо шунидани калимаи «терроризм» дар вуҷуди ҳар яки мо ҳисси ваҳму хатарро бедор менамояд. Ҳизбу ташкилотҳои ифротгаро дар ҳама ҷо аз номи дини мубини ислом баромад намуда бо амалҳои нангини худ номи поки исломро доғдор менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳими ин мавзӯъ дар мавриди хатарҳои ҷаҳонӣ ин зуҳуроти нангинро чунин арзёбӣ мекунад: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат намояд. Террористон мардуми осоиштаро ҳамеша барои расидан ба ҳадафҳои касифи худ истифода мебаранд ва одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум мекунанд.
Мо омӯзгорони ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки роҳи паҳншавии ин зуҳуротро гирем. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ташкилоту идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шабакаҳои телевизион ва радио, матбуоти даврӣ тадбирҳо андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодаанд.
Моро зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ арзишҳои миллӣ, масъалаҳои мубрами сиёсии рӯзро пайваста омӯзем, ба таълими фанҳои инсоншиносӣ, яъне таърих, ҳуқуқшиносӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, зеро фанҳои мазкур маънавиёт ва маърифати миллиро ғанӣ месозад.
Шаҳноза Атохоҷаева,
омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ№11,
Ҷамоати шаҳраки Палос

Шарҳ диҳед