Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Эй ҳамватан, биё, дунёро бисозем!

Эй ҳамватан, биё, дунёро бисозем! 

Дар шоҳроҳи зиндагӣ дар назди фарзандон аз фармудаҳои бузургони миллат аз субҳ то анҷоми рӯз баҳри фардои дурахшони ватан ёдовар мешаваму маънии аслии омадану рафтани шахсро дар зиндагӣ маънидод менамоям.
Зеро ҳар шаб ба худ маънии ҳаёт чӣ буданро савол медиҳӣ бе ҷавоб мемонӣ.
Аз ин лиҳоз, вобаста ба ин маъно файласуфон ва уламмои даҳр роҷеъ ба фазилат ва собит сохтани ҳаёт дар рӯи замин афкори хешро пурра нагуфтаанд ва ин барои ҳар як шахс муаммо буда таҳти тадқиқоти илмӣ қарор дорад.
Вақте аз рисолати маърифатии ин ё он шахс дар уқёнуси фарохи рӯзгор мехоҳӣ чизе ба худ бигирӣ, ақл ва хиради ҷовидонаи чеҳраҳои шинохтаи миллат чун Саймумин Ятимов — доктори илмҳои сиёсатшиносӣ аён пеши назар меояд, ки мегӯяд; «Таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамакнун намунаи барҷаста ва олии чун Шахсият, таҷассумгари асили манфиатҳои миллатро, ки барои ӯ ҷанфидоиҳо мекунад, барои ҳазор соли дигар дорад. Ин Симо лоиқи омӯзиш, таҳқиқ, баҳрабардории маънавӣ, ба хотири рӯҳияи наслҳои имрӯз ва ояндаи миллат, сарбаландии диёри арҷманд ва бегазандии он зарурати муаянкунандаи ҳаётӣ дорад. Миллат ба чунин Фарзанд зиндаву ҷовид хохад монд».
Муҳтарам Пешвои миллат бо ҳазор орзуву умеди волидайн ба дунё омад. Дар пасорӯи зиндагӣ ба куҷо қисмат ӯро дунболагирӣ мекунад намедонист. Вобаста ба замони тифлии Ӯ падар ва модари меҳрубон то он ҷои зиндагӣ доштан нигоҳубин ва офариниш менамуданд.
Аз ҳавои серуни талу теппаҳои зодгоҳаш нафас кашида шукрона мекард, ки ватани биҳиштосо ва падару модари мушфиқ дорад.
Ӯ тавонист дуо бигирад ва ҳамон дуоро барои мустаҷоб гаштанаш амал намояд. Ба роҳи пурпечутоби зиндагӣ қадам ниҳода «Марди Роҳ» шуд.
Пас эй ҳамватан, эй афроди поктинати сайёра, садои мо тоҷиконро бишнавед, ки халқи куҳанбунёдаш матонат дорад ва рӯи саҳнаи сиёсат Шахсеро биёрад, ки Ӯ дунёро ба худ бо гуфтору рафтор ва пиндори некаш ба ҳам оварад.
Бишнав, эй ҳамватани дур аз Ватан, садои ин Шахсияти таърихиро, ки дар замони ихтилофҳои муосир ва омезиши ақидаҳо муборизи дунёи нав мебошад ва роҳи ватансозиву ватанхоҳиро касб намудааст. Ӯ ҳамеша бо меҳр даст ба ёрони ҷаҳон баҳри амалӣ гардидани модули давлатдории навини миллии тоҷикон дода, мароми таҳаммулпазирӣ, ободию созандагиро ихтиёр намудааст, ки аз қаъри таърихи куҳанбунёди кишвар сарчашма мегирад.
Пас биё, даст ба дасти ҳамдигар гирему бо Пешвои миллат пайравӣ намуда дунёро бисозем.

Боқӣ Қудратов, мудири бахши дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед