Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » “ШИКАСТ АҲДИ ХУДУ ГУФТ: ҲАР ЧӢ БУД ГУЗАШТ….” Андешаҳо дар ҳошияи муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“ШИКАСТ АҲДИ ХУДУ ГУФТ: ҲАР ЧӢ БУД ГУЗАШТ….” Андешаҳо дар ҳошияи муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон 

o-q

Муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16 сентябр ба амал омад, бори дигар собит сохт, ки гуруҳҳои манфиатхоҳ ва иғвогар аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳамоно хостори оромиву субот дар минтақаи марзӣ нестанд ва тавассути ҳар гуна ҳангомаву иғво мехоҳанд душманӣ эҷод намуда, ҳатто даст ба қатлу куштор зананд. Мақомоти Тоҷикистон расман эълон доштанд, ки бар асари ҳамлаи навбатии ҷониби Қирзистон, ки дар он дасти марзбонони ин кишвар ҳаст, подполковник Рустам Убайдуллоев ва сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов кушта шуданд.

Дар аввалин фурсат маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳорот дод, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ кардаанд, ки амали мазкур сабаби норозигии мардуми Ҷамоати Овчӣ- Қалъача гардидааст. Расман дар изҳороти мазкур таъкид шуд, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карда.

Натиҷаи чунин беэҳтиромӣ нисбат ба созишномаҳои байнидавлатӣ ба фоҷеаи нангине ба поён расид, ки марги се тан аз сарбозони шуҷои Ватани моро дар пай дошт. Худ равшан аст, ки ҷониби Тоҷикистон чун пештара ҳамон фарҳанги таҳаммулпазириро пеша намуда, аз яроқ истифода накард ва натиҷааш сина сипар кардани ин марзбонон ва маҷрӯҳ шудани чанд нафари дигар аст. Ҷои таассуф он аст, ки дар аввалин фурсат ҷониби қирғиз изҳороте пахш намуд, ки гӯё ҳамла аз ҷониби Тоҷикистон сар зада бошад ва кишвари моро айбдор намуд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамаи наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳншуда ҳақиқати ҳол барои ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан шуд, ҳатто маросими дафни сарбозони тоҷик ҳам манзур гардид. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки оё дар ҳақиқат нафаре аз ҷониби Қирғизистон ҳалок гардидааст ё хайр, он гуна, ки бо амали пешхезӣ кардан Тоҷикистонро айбдор намудаанд. Ин аввалин бор нест, ки чунин иғвогариҳо аз ҷониби қирғизҳо сар мезанад ва аллакай чандин нафар сокинони кишвари мо қурбони ин дасисаву иғвоҳои қувваҳои хостори оромиш набуда гардидаанд. Вале набояд аз таҳаммулпазирӣ ва посдории олии инсонии оини ҳамсоядории тоҷикон ҳамсоягони қирғиз суйистифода намуда, даст ба куштори мардуми бегуноҳ заданд, зеро таърих гувоҳ аст, ки ҳаркӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр……

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки чунин муносибат бо ҳамсоягонро ҷониби қирғиз на танҳо ба мо тоҷикҳо, балки ӯзбекҳо низ раво дида истодаанд ва ҳамин худ гувоҳ аст, ки дар ин низоъ ва муноқишаҳо айби кист. Бори дигар ҳам навишта будам ва боз менависам, ки агар ба суроғи ҳақиқати таърих дар мавриди ин марзу бум биравем, боз ҳам ҳақ ба ҷониби кист мисли оина равшан мешавад. Танҳо руҷуъ ба асли номҳои ҷуғрофии минтақа, мисли Бодканду Ӯшу, Барокӯҳу амсоли ин ва пешинаи таърихии начандон дури он худ шореҳи ин ҳақиқати амри таърихист, ки соҳиби аслии ин сарзамин кист ва киҳо буданд ва даъвогарони “соҳибон”-и кунунии он ба кадом роҳу восита ин заминҳоро аз худ кардаанд. Аммо намехоҳам мисли онҳо дағдағаву арбадаҳое барпо кунем, чун дар табиат ва сиришти мо ҳаргиз душманиву адоват ва кудурат ба ҳаққу ҳамсоя набудаву нест. Танҳо таассуф аз он дорам, ки ҳамсоягони мо худ аҳд бастанду аммо имрӯз аввалин шуда онро шикастанд, бо ин ки мо ба ҳамагуна аҳду паймони ҳамсогиву дӯстӣ содиқ мондем ва эшонанд, ки шикаста аҳди худу гуфтанд, ҳар чӣ буд гузашт. Чун ҳанӯзи мисли мардуми мо ҳазоронсолаҳо суннати посдорӣ ба аҳду паймони дӯстиву рафоқату хешиву ҳамсоягиро таҷриба накардаанд. Аз ин лиҳоз, саҳлу содда ин аҳдро шикастанд. Гӯё арзишҳои мисли аҳду паймону посдориву поси ошноиҳо, ки онро Бедил душвортарин шеваи зиндагонии инсонӣ унвон намуда, барояш вуҷуд надоранд ё пашизе ҳам қимат на. Барои ҳамин ҳатто бераҳмона хунрезӣ кардаву ҷони чандин нафарро рабуданд.

Вале набояд фаромӯш созанд, ки хунбаҳои ин ҳама қурбониёни дирӯзу имрӯз дар Воруху Овчӣ — Қалъача ба гардани онҳост ва ҳатман рӯзе ҳар кӣ даст ба ин хунрезӣ зада, ҷавоб хоҳад гуфт ё натиҷаи ин амали ғайриинсониро хоҳад дид. Таърих бар ин гувоҳ аст фардову фардоҳои дигар низ гувоҳ хоҳад дод.

Нуралӣ Нурзод,
Муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ

Шарҳ диҳед