Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Хусусият ва аҳамияти ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Хусусият ва аҳамияти ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем моҳи апрели соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, мутобиқи он ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар ин рӯз дар саросари кишвар, аз он ҷумла дар шаҳри Бӯстон низ ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ, гиромӣ медоранд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идораи Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама,ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадр донию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ, рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр,дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Азин рӯ, дар «Рӯзи Президент» беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузургашон дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбароне ҳастанд, ки шахсияти сиёсияшон қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дарпеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифату сириштивай ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қароргирифтаанд.

Ин аст, ки чеҳраи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи табиӣ, шахсияташон шахсияти воқеӣ ва хидматҳояшон хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Аммо барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуданд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо,шахсият ва ҷойгоҳи ин марди баору нангро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии вайро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад, зеро имрӯз вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи пурпечутоби Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд. Маҳз ҳамин нигоҳи ҷомеъ ва маҳз таҳлили қадам ба қадам нишон медиҳад, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Пешвои дӯстдоштаи миллат ҳастанд ва чаро ин мақоми ӯ ҳолати табиӣ ва бисёр устувор дорад. Албатта, комёбиҳои миллат ва кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳала кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ роҳеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд.

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

Қадамаш хуррамию ободӣ,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

Ба шаби тира дастболо шуд,

офтобе, ки лашкараш нур аст.

Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,

Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.

Аввалин Паёми ин фарзанди фарзонаи халқ паёми нуру рӯшноӣ, паёми сулҳу сафо буд, ки дар фазои тираву ғуборолуди мамлакат дурахшид, ба рағми яъсу ноумедиву рӯҳафтодагиҳо донаҳои умедро дар қалби мардуми озурда сабз гардонид, захмҳои хунчакони миллати хешро дармон бахшид, ранҷҳои бузургеро ба худ раво диданд то ганҷҳои муқаддаси ваҳдату созандагиро ба ҳамватанони хеш армуғон оваранд.

Ҳанӯз бо ақидаи дурбинона Пешвои миллат афзуда буданд, ки «Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост! Роғун ҳастии миллатимо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!»

Таҷдид ва эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавишсозе буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ҳусни ихлосу иродаи мардуми Тоҷикистон ба он иқдом намуданд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ бо иқтидори бузурги иқтисодии хеш ин сохтмони азимро шуруъ карда, нотамом монда буд. Ибтикор дар эҳёи Неругоҳи барқи обии «Роғун» сароғози корномаи нави Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар фосилаи садсолаҳо ва дар ҷуғрофияи азим муҳаррики рӯшноӣ ва пешрафтҳои бузурги иқтисодӣ хоҳад гашт. Ин тасмими Пешвои миллат барҳақ ҳамчун тасмими сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва мусаллат дар тору пуди умури давлатдорӣ истиқбол гардид, ки дар бунёди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои таҳаввули инқилобиро фароҳам оварад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар эҳёи Неругоҳи барқи обии «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин менамояд, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

Дар воқеъ Неругоҳи барқи обии «Роғун» манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар нерӯгоҳҳои нави барқ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик саодати зиёд мебинад.

Бо эҳсосоти саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба миллати шарафманду бостонии тоҷик ва сарзамини аҷдодӣ иброз медорем, ки санаи 16-ноябр барои мардуми шарафманди Тоҷикистон рӯзи оддию муқаррарӣ нест. Ба ибораи дигар метавон, ин рӯзи муборакро рӯзи мавлуди дигарбораи миллати тоҷик унвон кард, зеро дар ин санаи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсозу фаромӯшнопазир зимоми қудрати Тоҷикистони тозаистиқлол, вале беқудрату беартиш, сарварии мардуми овораю сарсону саргардон ва ноумеду парешони Тоҷикистони азизро бар зиммаи худ гирифтанд. Талош варзиданд, аз пешомадҳои сахту сангин натарсиданд, ҷони худро ба хотири таъмини сулҳу осоиши миллат ба гарав гузоштанд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хотима доданд.

Хуллас, миллати тоҷик ва Ватани аҷдодиро аз марзи фаною нестӣ берун кашиданд, Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот доданд. Заҳмату талошашон дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор овард, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат бараъло эҳсос менамояд. Пас, интихоби санаи 16-ноябр ба сифати ҷашни фархундаи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бесабабу бемақсад нест. Ин интихоби моҳиронаю ояндабинона ба мартабаи ин рӯзи таърихӣ мафҳуму муҳтавои нав зам менамояд ва боз як саҳифаи китоби таърихи айёми навини давлатдории миллати тоҷикро рангину пурмазмун мегардонад.

Ҷабборзода Фурқат Саттор,

Раиси суди шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед