Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Хуршед Сатторзода муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид

Хуршед Сатторзода муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид 

Муаррифӣ

13 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон муарифии муовини раиси шаҳр сурат гирифт.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳи раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардид.
Мудири шуъбаи кадри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон ҳозиринро бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба мансаби муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин намудани Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ ва шарҳи ҳоли номбурда шинос намуд.
Сипас, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода қарори раиси шаҳрро дар бораи муовини раис таъин намудани Сатторзода Х.Ҳ. қироат намуда, ба номбурда муваффақият ва барори кор таманно намуд.
Зимни муаррифӣ Сатторзода Х.Ҳ. ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ба раиси шаҳри Бӯстон изҳори сипосмандии хешро баён намуд.
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ 29 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ, менеҷер хатм намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Номбурда аз соли 2003 то соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кору фаъолият бурда, аз соли 2014 то соли 2017 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Сатторзода Х.Ҳ. аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2018 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд адои вазифа намуда, бо қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 12 декабри соли 2018 муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Шарҳ диҳед