Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Ноябрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Фарогирии шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хизматрасониҳои тиббӣ

Фарогирии шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хизматрасониҳои тиббӣ 

36671415_1104598253029263_3535990108861759488_n

Бахшида ба Рӯзи маъюбон имрӯз, 5 июл дар муассиса Кӯмааи аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон аз ҷониби табибони тибби оилавӣ, дандонпизишкон, табиби ултрасадо, табиби дилу раг, асабшинос, чашм, узвҳои дарунӣ ва ғайра муоина ва ташхиси дастаҷамъона гузаронида ба шахсони дорои имконияти маҳдуд тавсияву маслиҳатҳо ва табобат таъин карда шуд.
Дар ин рӯз ба табибон зиёда аз 127 нафар шахсони дорои имконияти маҳдуд муроҷиат намуданд.
Тасмим гирифта шудааст, ки пас аз анҷоми вақти корӣ табибони тибби оилавӣ шахсони дорои имконияти маҳдудро, ки бо амри тақдир дар бистари беморӣ дар хона қарор доранд боздид намуда, онҳоро бо хизматрасониҳои тиббии босифат фаро гиранд.

Шарҳ диҳед