Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » ТЭТ ҲНИ ЯЧЕЙКАИ САҲА ДАР ДУНЁИ ИФРОТГАРОӢ

ТЭТ ҲНИ ЯЧЕЙКАИ САҲА ДАР ДУНЁИ ИФРОТГАРОӢ 

Имрӯзҳо анъана шудааст, ки афроди ҷинояткору авомфиреб, қарздору манқурт худро мухолифи сиёсат эълон намуда, ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ мебаранд ва аз ҳама ҷавобгариҳо озод мешаванд. Ин хаёли хом аст, имрӯз ин кишварҳо шуморо паноҳандагӣ доданд, аммо дер ё зуд ҳатман тафсири ҷиноятҳои тоифаи роҳгумзадаро хоҳанд навишт ва он вақт пушти панҷара қарор гирифтани ин афроиди палиду хоин дур нест.

ТЭТ ҲНИ ва тарафдорону аъзоёнаш бо баҳонае худро мухолифи давлат эълон намуда аз ҷавобгариҳо гурехтанд. Ҳарчанд ҷиноятҳои содирнамудаи ин тоифаро на танҳо давлат, балки халқ ҳаргиз намебахшад. Он рӯзҳои сангин ва он рӯзҳои вазнинро ба сари миллат оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад гашт.

Аммо худро мухолифин эълон намудану руйпӯш намудани ҷиноятҳо амали мардона нест ва ин худ гувоҳ аз характери занона гирифтани падидаи “паноҳандагони сиёсӣ” ё худ равониҳои бемағз. Чаро ман мехоҳам дар ин ҷо зиёд ба ин масъала равшанӣ андозам? Ҳаргиз нияти баде надорам, фақат мехоҳам ба чанд суоли худ посух бигирам. Оё мумкин аст, хуни ҳазоронро бирезиву боз худро сафед кунӣ? Оё мард аз иқрори гуноҳояш метарсад? Оё ин тӯдаи авбошҳои хиёбонӣ, ки имрӯз дар партовгоҳҳои Аврупо ба сар мебаранд, ақли солим доранд?

На! Ҳаргиз ба ин саволҳо намешавад посухи дуруст дарёфт кард. Зеро масъала хеле ранги дигар гирифтааст ва имрӯз ҷинояткорону авбошони палид, дар либоси нав ва зери шиори нав мегарданд. Имрӯз пуштибони бузурге мисли САҲА доранд, ифротиҳо ва ин нишонаи бузурги хиёнатпешагист.

Фаразан агар ба масоили байналмилалӣ баҳои баланд бидиҳем ва бигӯем, ки ҳуқуқи инсон аз ҷониби кишварҳову созмонҳое мисли САҲА поймол намегардад, як иштибоҳи бузурге хоҳад буд. Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯзҳо иштироки ифротиҳову равониҳои наҳзатӣ дар ҷаласаи САҲА хуб баназар мерасад. Ва гоҳо ин тоифа дар ин нишастҳо даъвоҳои бардурӯғ оварда худро сафед кардани мешаванд. Вале ҳақиқат ҳақиқат аст, амалҳои террористии ин тоифа кайҳо исбот шудааст ва шоҳидони зиёде ҳастанд, ки мегӯянд ва боз чӣ лозим барои САҲА?

Маълум аст, ки ҳамаи мушкилот ҳал гардидааст, аммо субботу оромишу пешрафти Тоҷикистонро бояд халал расонид. Ва САҲА барои ин кор омодааст ТЭТ ҲНИ-ро дастгирӣ кунад ва аз ҳамин лиҳоз барои ин тоифаи гумроҳу хоин минбар медиҳад.

Ширкати ин афрод на танҳо хатар ба ҷомеаву миллати тоҷик аст, балки барои тамоми ҷаҳониён хатар ба ҳисоб меравад. Зеро ташкилоте, ки аллакай чандин таҷрибаи террористоро гузаронидааст, наметавонад ором бигирад ва метавонад боз бо чандин кишварҳои дигар ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад. Ин корро афроди хоину ақлбохтаи ТЭТ ҲНИ мекунанд ва аз ин ҷиҳат кишварҳои аврупоӣ ба инҳо макон додааст.

Иштироки ин тоифаи террористу хоинро мо дар ҷаласаи САҲА маҳкум менамоем ва ба ҷаҳониён гуфтани ҳастем, ки аз ин бояд эҳтиёт шуд, зеро ҷаҳонро ташкилоти нави террористии байналмиллалӣ таҳдид мекунад. Ва ин албатта бо пуштибонии САҲА ва чанд давлати дигар роҳандозӣ шудааст. ТЭТ ҲНИ аввалин гомҳои худро берун аз Тоҷикистон дар сарҳади терроризми байналмиллалӣ мегузорад.

Ҳаминро бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба инобат гирад, ки ҳаргиз мо тарафдори фаъолияти ТЭТ ҲНИ набудем ва ин САҲА аст, ки аз он пуштибониву сарпарастӣ менамояд.

Қобилов Валӣ, омӯзгори ДКМТ

Шарҳ диҳед