Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Таҷлили 100 солагии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Владимир Опланчук

Таҷлили 100 солагии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Владимир Опланчук 

51661699_1286586681497085_2705848998710738944_n

Имрӯз, 13 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба 100 солагии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, собиқ директори корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» Владимир Яковлевич Опланчук дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ гардида, мавсуф перомуни тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносии корномаҳои пирони хирад ва собиқадорону ходимони давлатию ҷамъиятӣ ибрози назар намуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода оид ба корномаҳои Владимир Опланчук ибрози назар намуда, аз саҳми ӯ ар рушди саноати кишвар ёдовар шуд.
Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Ворламов, роҳбари ҳамкориҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов, собиқадори саноати атомӣ Николай Мороз, доктори илмҳои техникӣ профессор Зафар Розиқов, директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» Камол Ҳакимзода оид ба саҳми Владимир Опланчук дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар баёни андеша намуданд.
Дар интиҳо фарзанди Владимир Опланчук — Анатолий Владимирович номаи сипосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва роҳбарияти КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» баён намуд.

Шарҳ диҳед