Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Ноябрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Бӯстон

Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Бӯстон 

1

Субҳи имрӯз, 8 ноябр дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз ёфт. Нахуст Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, собиқадорон ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро бо фарорасии иди касбиашон самимона таҳният гуфта, иброз дошт, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ғамхорӣ ва раҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби тарбияи насли шоиста мубаддал ёфта, кормандони ин ниҳод бо такя ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат баҳри пешгирии ҳамагуна ҷинояткориҳо ва омилҳои номатлуб, баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд. Мавсуф оид ба дастгириву пуштибониҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба таъмини шароити арзандаи кору хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар гардида, аз идомаи чунин тадбирҳои наҷиб дар шаҳри Бӯстон ёдовар шуд.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон подполковники милитсия Ҷамшед Зубайрзода низ собиқадорону кормандонро бо иди касбиашон таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ таманно намуд.
Дар интиҳо ба як қатор собиқадорони соҳа ва кормандони фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
Барномаи аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон ба чорабинӣ шукуҳи хоса зам намуд.

Шарҳ диҳед