Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Ноябрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Таҷлили бошукуҳи Рӯзи маъюбон дар шаҳри Бӯстон

Таҷлили бошукуҳи Рӯзи маъюбон дар шаҳри Бӯстон 

36774234_1107005289455226_212875716109271040_n

7 июл дар толори «Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон» бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Рӯзи маъюбон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.
Нахуст паёми раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба самъи маъюбон расонида шуда, аз дастгириҳои давлатӣ бо кӯшиш ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нисбати шахсони дорои имконияти маҳдуд ибрози назар карда шуд. Дар ин рӯз баҳри болидахотирии шахсони дорои имконияти маҳдуд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастурхони идона густурда шуда, ин шахсон таҳти таронаҳои марғуби аҳли ҳунар шодиву сурур намуданд. Ҳамзамон ба иштирокчиёни чорабинӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Шарҳ диҳед