Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Ноябрь 24, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Таваҷҷуҳ ба тарбияи насли бомаърифат

Таваҷҷуҳ ба тарбияи насли бомаърифат 

Чун ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳалталаби ҳамаи соҳаҳои хоҷагиҳои халқи кишварамон тандурустӣ, маориф, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзишро дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти босуботи мамлакат силсилаи ташаббусу пешниҳодҳо намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба 2,4 маротиба зиёд гардида, муассисаҳоро бо кормандони ихтисосманд таъмин намуда, мавқеи зан дар ҷомеа ва роҳбарии занонро баланд бардоштанд.
Президенти кишвар ба пешрафти соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, қайд карданд, ки пешрафти он ба таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.
Боиси хушнудист, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид мегардад.
Дар навбати худ мо кормандани соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ медиҳем, то барои ҳамаи ин ғамхорӣ ба боварии Сарвари давлат сазовор буда, ҷавобан баҳри ободиву сарсабзии Ватани маҳбуби худ хизмат намуда, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири насли ояндасози кишвар ҳифз ва ҳимоя арзишҳои миллӣ, мукаддасоти Тоҷикистон, меҳнатдӯстиву рафоқат, бунёдкориву ободкорӣ, ватандӯсту худогоҳро тарбия намоем.
Мо кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистон барои тарбияи насли бомаърифату ватанпарвар кӯшиш менамоем. Зероба таъбири ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо миллати босавод метавонад насли бомаърифату соҳибтамаддунро ба воя расонад».

Ҳусейнзода Ф.,
мудири ширхоргоҳ–кӯдакистони №13, шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед