Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Таваҷҷуҳ ба тарбияи ватанпарастӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон

Таваҷҷуҳ ба тарбияи ватанпарастӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон 

48181032_1241435919345495_7531974840077516800_n

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо масъулини қисмҳои низомӣ тасмим гирифта шудааст, ки мулоқоти сарбозону афсарон бо хатмкунандагони муссисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ баргузор гардад.
Бо ин мақсад  13 декабр бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Ҷамолиддин Насриддинзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода ва бо иштироки лейтенанти калони Гвардияи миллӣ Аҳлиддин Қурбонов ва сарбозони қаторӣ Дӯстиёр Норматов, Абдурасул Одинаев, Ганҷ Раҳматов ва дигарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 10 байни хатмкунандагони муассисаи мазкур ва гимназияи 1 мулоқот доир гардид.
Сарбозон оид ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаби тарбияи ҷавони босаодат ибрози назар намуда, аз ҳамсолони хеш даъват ба амал оварданд, ки пас аз хатми таҳсил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, сарбаландона хизмати Модар — Ватанро адо намоянд.
Дар интиҳо бархе аз хонандагон аз сарбозон ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гиифтанд.
Боиси зикр аст, ки баргузории чунин мулоқотҳо бо хатмкунандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр идома ба нақша гирифта, давоми моҳи равон идома хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории мулоқотҳои мазкур баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандӯстии насли ҷавон ва бо ин васила афзун гардонидани сафи ихтиёриёни ҷавон ҷиҳати пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад.

Шарҳ диҳед