Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Ноябрь 25, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати фарорасии Иди Қурбон 

rais

Ҳамшаҳриёни азиз!

Боиси саодатмандӣ ва шараф аст, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар канори дигар мусалмонони ҷаҳон Иди саиди Қурбон, ҳамчун яке аз маросимҳои мубораки ислом ва суннати писандидаи мардуми мусалмон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва фазои осудаҳолонаи кишвар таҷлил мегардад. Имсол низ ин иди фархунда бо баракоти осмонӣ ва файзи беандоза ба кошонаи ҳар як фарди мусалмон қадам мениҳад.

Нахуст фарорасии ин иди муборакро ба ҳамаи ҳамватанон ва сокинони шаҳрамон таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод, хушрӯзиву саодатмандии бепоён таманно менамоям.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, фарҳанги милливу динии мо ҳамеша некиву накӯкорӣ, дастгириву пуштибонии доимии пирони рӯзгордида, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои бесаробон, ятимону барҷомондагон, маъюбон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеаро тарғиб намуда, ҳамагонро барои расонидани дасти мадад ва ёрӣ ба чунин табақаи ҷомеа ҳидоят мекунад.

Бесабаб нест, ки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паём ва суханрониҳои хеш мардуми шарифи Тоҷикистонро ба вусъати дастгириву пуштибонии оилаҳои ниёзманд, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими некиву накӯкорӣ ва мусоидат ба раванди зиндагии осудаҳолонаи шаҳрвандон дар асоси арзишҳои олии милливу динӣ ҳидоят намуда, баён дошта буданд, ки: «Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ заминаи ҳаётӣ мебошанд».

Боиси хушнудист, ки дар қаламрави вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мунтазам ва бахусус дар остонаи таҷлили идҳои милливу суннатӣ корҳои хайру саховат ва амалҳои савоб роҳандозӣ гардида, аз баракоти ин иқдомҳои умедбахш ҳазорҳо шаҳрвандони ниёзманд шодоб хоҳанд гардид.

Воқеан фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳамулгароиро талқин менамояд ва аҳли кишварро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Мо мардуми саодатманди тоҷик бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки  барои густариши фарҳанги динии мардум, таҳкими муносиботи инсонӣ ва дигар арзишҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар ин самт корҳои назаррас рӯи кор омада истодааст.

Мувофиқи анъанаи гузаштагонамон дар арафаи иди Қурбон ҳар яки мо вазифадорем, ки ҷои зист ва ҷои корамонро ободу зебо гардонем. Дар қатори ин корҳо зиёрати оромгоҳи  гузаштагонамонро фаромӯш насозем, қабристонҳоро ба ҳашар баромада, тоза карда марқадҳои фурӯрафтаро таъмир намуда, рӯҳи гузаштагонамонро шод намоем.

Воқеан, ҳамчун анъана мардуми мусалмон хислати хубе доранд, ки дар арафа ва Рӯзи иди Қурбон аёдати хешу табор, пирони кӯҳансолон, дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои серфарзанд ва камбизоатро ҳамчун яке одатҳои наҷиб роҳандозӣ намоянд. Чун иҷрои амали нек беҳтарин кор ба шумор меравад,  ҳар кас ба қадри тавону имконияти худ бояд дар ин кори хайр ва савоб саҳмгузор бошаду ба аҳли ниёзмандон дасти кӯмак дароз намояд. Боварӣ дорам аҳли намоз барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва пешгирии амалҳои террористию ҷинояткорӣ бештар  масъулият дарк менамоянд ва ҷиҳати ободии Ватан ва шаҳри азизамон меҳнат мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави таҷлили Иди Қурбон як қатор корҳои хайру саховат ва дигар тадбирҳои судмандро рӯи кор гирифта, дар ин самт иқдомҳои судманд ва созандаро роҳандозӣ намуда истодааст.

Итминони комил дорем, ки файзу нусрати ин иди муқаддас ва суннатӣ ба хонадони тамоми мардуми шарафманди тоҷик  баракоти ҳамешагӣ ато намуда, барои таҳкими ваҳдату якмаромӣ ва суботи комили ҷомеа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бо чунин ниятҳои нек таманно мекунем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва амнияти суботи миллат боз ҳам мустаҳкаму поянда бошад ва ба кулли сокинони саодатманди шаҳр аз даргоҳи худованди муттаол сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, файзу баракот ва дастурхони пур аз нозу неъматро таманно менамоям.

Иди Қурбон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Саҳифа: ТАБРИКОТИ Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

  1. Малохат

    Поздравления
    Уважаемая Рухсора Давлатзода и уважаемые все-все сотрудники Хукумата города Чкалов(ск)!
    Примите наши наилучшие пожелания в день празднования Иди Курбан!
    Да будет мир над Вами и пусть Аллах благословит Вас везде и во всем!
    Мир Вашему дому и хорошего настроения всем Вам на сегодня, на завтра и навсегда!
    Пусть Всевышний примет все Ваши молитвы и благие деяния! Желаем удач и расцветание в Вашей нелегкой работе!
    С Праздником Иди Курбан!
    Иди Курбон муборак бод!
    С глубоким уважением,
    семья Юлдашевых

Шарҳ диҳед