Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Май 28, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Табрикоти Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

Табрикоти Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 

раис

Ҳамшаҳриёни азиз!

 

Тавре маълум аст, 15 май ҳамасола дар ақсои олам Рӯзи байналмилалии оила ҳамчун рӯзи шодиву нишот ва таҳкимбахшии пойдории оилаҳо таҷлил мегардад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии оила, волидайн ва кӯдак бо қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои милливу соҳавӣ дастгириву ғамхории аввалиндараҷа зоҳир гардида истодааст.

Бо ин мақсад дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки «оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери роҳбарии Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳои ниёзманд, оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон низ бо такя ба ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташаккули оила, тарбияи кӯдакон ва таъмини кӯмакпулиҳо оид ба нигоҳубини кӯдак, кӯмакпулиҳои яквақтаина дар таҳким ва рушду камоли оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим чораҳои мушаххас андешида, дар ин самт ҳамасола ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандону пойдории оила, сафарбаркунии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва татбиқ намудани нақшаҳову барномаҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Бо ниятҳои наҷиб ба ҳар як оилаи шаҳрамон ҳамдилию якдигарфаҳмӣ, хираду сарбаландӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ҳамеша дастархони пурфайзро таманно дорам.

 

Рӯзи байналмилалии оила муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ диҳед