Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Август 19, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Табрикоти Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Табрикоти Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба муносибати Иди саиди Фитр 

раис

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо таманниёти беназир ва орзуҳои нек ҳузури Иди саиди Фитрро, ки соли равон тавъам бо муждагонии 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро мерасад, таҳният гуфта, баҳратон саломатии бардавом, саодатмандӣ, хушиҳои умр ва музаффариятҳои беназирро таманно дорам.

Бояд қайд намуд, ки эҳёи бесобиқаи фарҳанг, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои милливу диниамон дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб зери раҳнамоӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври густурда ба назар расида, хушбахтона дар канори дигар мусулмонони олам мо мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола фаризаву маросимҳои мубораки дини мубини исломро ҳамчун рукни ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ дар фазои ҳамдиливу якмаромӣ ва ҳусни ҳамҷавор ба ҷо меорем.

Тавре маълум аст, бо мақсади тарғибу ташвиқи суннат ва ойинҳои писандидаи дини мубини ислом, ба роҳ мондани корҳои хайру сахо, саҳмгузорӣ дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як фарди ҷомеа 12 майи соли равон Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқоти судманд анҷом дода, бори дигар мардуми шарифи диёрамонро ба вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва иҷрои беҳтарин рисолати шаҳрвандӣ даъват ба амал оварданд.

Дар ин радиф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «бо итминони комил изҳор медорам, ки дар ин моҳи муборак хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва умуман, ҳамаи шахсоне, ки имкони мусоиди моддӣ ё ба гуфтаи халқамон “дасти хайр” доранд, дар анҷом додани амалҳои нек, аз ҷумла ба ягон маҳалли аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан низ кӯшиши бештар карда, соҳиби савоби ҷория мешаванд ва бо ин амалҳои некашон дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд».

Тавре огаҳӣ дорем, ваҳдату иттифоқ, некиву накӯкорӣ, раҳму шафқат, эҳтироми падару модар, кушодани дасти сахо ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи кишвар фазилати аслии дини мубини ислом буда, моҳи мубораки Рамазон бошад моҳи бахшоиши гуноҳ, моҳи иҷобати дуо, хайри садақаву закот, таҳаммулгароиву матонат маҳсуб меёбад.

Чунонки ҳамарӯза огаҳӣ дорем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри татбиқи муваффақонаи дастур ва ҳидоятномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидани кӯмакҳои моддиву маънавӣ ба пирони хирад, шахсони дорои имконияти маҳдуд, ятимону бепарастор, барҷомондагону ниёзмандон, бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, мумфаршкунии роҳҳо ва амсоли инро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар шаҳри азизамон Бӯстон низ имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамдастии тоҷирону соҳибкорон, сокинони баору номус ва аҳли ҷамоатчигӣ дар остонаи Иди саиди Фитр аёдати қишри ниёзманд сурат гирифта, саҳмгузорӣ дар таъмир ва барқарорсозии муассисаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад.

Итминони комил дорем, ки сокинони баору нанги мо дар ин рӯзҳои барои кишвари маҳбуб хуҷаставу ҳумоюнӣ, яъне рӯзи иди саиди Фитр ва фарорасии солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот баҳри фардои босаодати Ватан ва бо дастовардҳои шоиставу назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбуб ҷаҳду талош намуда, баҳри ободониву шукуфоии кишвар саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

Бо чунин таманниёти нек, бори дигар кулли ҳамшаҳриёни азиз ва мардуми сарбаланди кишварро бо Иди саиди Фитр ва ҳузури 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, хушиҳои рӯзгор, саломатии бардавом ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу бегазандро таманно дорам.

Иди саиди Фитр муборак ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ диҳед