Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Суруди миллӣ роҳнамое ба сӯи ифтихори ватандорӣ

Суруди миллӣ роҳнамое ба сӯи ифтихори ватандорӣ 

Суруди миллӣ яке аз муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он нафақат инъикосгари армони аҷдодони мо мебошад. Дар ҳар мисраи он мо ифтихори ватандорӣ, хештаншиносии миллат ва ҳудогоҳии бошандагони давлат ва намояндагони миллати бостонии тоҷиконро эҳсос менамоем. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебашанд. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтиром ва донистани Суруди миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Иҷрои Суруди миллӣ қоидаҳои худро дорад ва моро зарур аст, ки ба он риоя намуда, баҳри гиромидошти ин рамзи давлатӣ кӯшиш намуда бошем.
Мо бояд дар дили насли наврас меҳри беандозаро ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ бедор созем.
Мунавварова М., омӯзгори МТМУ №4

Шарҳ диҳед