Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Суруди миллӣ — нидои қалби мардум

Суруди миллӣ — нидои қалби мардум 

Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар Чину Ҳиндустони қадим, Риму Бобулистону Сосониён ба арзишҳои қавмию буму марзии худ диққати хоса медоданд. Яке аз чунин арзишҳои дорои мақоми махсус ин Суруди миллӣ мебошад. Аз замони асотир то имрӯз иҷрои Суруди миллӣ барои қавму халқиятҳо руҳу илҳоми тоза мебахшид. Замоне, ки урдуи румиён, чиниён ё сосониён барои ҳифзи марзу буми хеш бар зидди истилогарон мехестанд, фармонравоён ҳатто бегоҳии пеш аз муҳориба ба сарлашкарҳо фармон медоданд, ки онҳо қушунҳоро саф ороста, дар як фазои тантанавор Суруди миллӣ бояд садо диҳад. Ҳадафи садо додани Суруди миллӣ дар он замонҳо аз чӣ иборат буд? Посух саҳест: танинандоз гардидани Суруди миллӣ ба ҷанговарону сипоҳиён руҳу нерӯи қавӣ бахшида, ононро барои пирӯзӣ дар муҳорибаи дар пеш истода раҳнамун месохт.
Аз он замонҳо то замони мо чандин ҳазорсолаҳо сипарӣ шуданд. Имрӯз мо шукргузорӣ аз он менамоем, ки Ватани биҳишосои мо дар ҳақиқат тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат — Эмомалӣ Раҳмон ба биҳишти рӯи олам тадбил ёфтааст ва фахр аз он дорем, ки ватани азизи мо низ дорои рамзҳои муқаддаси худ, минҷумла Суруди миллӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз месазад, ки мо бояд ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, алалхусус Суруди миллӣ эҳтироми беандоза зоҳир намуда, ишқу муҳаббату вафодориро нисбати рамзҳои муқаддас ба наслҳои оянда интиқол бидиҳем. Дар корхонаю муассисаҳои таълимию тарбиявӣ бояд ҳар рӯз Суруди миллӣ бо овози тантанавӣ садо дода, қалби кӯдакону наврасон ва ҷавононро саршор аз ишқу муҳаббат нисбати Суруди миллӣ гардонем.

Муаллиф: омӯзгори фанни
таърих гимназияи №1
Насреддиншоев О.Н.

Шарҳ диҳед