Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Суруди миллӣ ифодагарди орзую омоли мардум аст

Суруди миллӣ ифодагарди орзую омоли мардум аст 

Суруди миллӣ таронаи асосии давлатӣ ва умумихалқии мо аст, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллӣ чун қоида мутантан суруда мешавад ва мардумро ба ҳимоя ва ифтихор аз ватан даъват менамояд. Одатан ҳангоми сурудани Суруди миллӣ рост истода гӯш мекунанд, ба ин ё он тараф нигоҳ намекунанд, гап намезананд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки Суруди миллиро аз ёд намояд ва ҳангоми сурудани он ҳамроҳ шавад.
Суруди миллӣ рамзест, ки ҳуввияти миллиро ба вуҷуд меорад. Рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистони маҳбуб шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сӯи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофи худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад.
Танинандоз гардидани Суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад. Шахсро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ҳидоят мекунад, корнамоиҳои бемислу монандро таранум мекунад. Булбули бечанамро сӯйи манзил – Ватан даъват менамояд. Дар ботини шахс эҳсоси щурур, щурур аз ватану ватандориро тавлид месозад. Ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, дили шахсро ба фатҳи қулаҳои нав дилгарм месозад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят месозад.

Муаллиф: омӯзгори фанни
забони давлатии гимназияи №1
Эргашева Ш.А.

Шарҳ диҳед