Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Суруди меҳри Ватан

Суруди меҳри Ватан 

Дар фазои кишвари соҳибистиқлоламон ҳар субҳу шом навои ҷонфизои Суруди миллӣ рамзи озодию соҳибихтиёрии Тоҷикистони маҳбубамон ҳастии ҳар як шахси ватандӯст, баору номусро қудрату тавони бузург мебахшад. Суруди миллӣ таронаи ваҳдати Ватан буда ба дидаҳо нур, ба ҷонҳо ҳузур ва бо вуҷуди мо щайрату ҷасорат ато намуда, мардуми кишвари биҳиштосои моро ба амалӣ гардидани орзуву ормонҳои бузург, равнақ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват менамояд. Ҳар як сатри он озодиву, шукӯҳи Ватани ҷоноҷонро ифода мекунад. Суруди миллӣ таҷассумгари бузургию азамати Ватан, муҳаббат ва самимияти ҳамватанон нисбат зодгоҳ, меҳан мебошад. Суруди миллӣ дар чандин мавридҳои муқаррарнамуда қонун аз ҷумла баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ҷаласаҳои якҷояи маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомаду ҷашнҳо, ҷамъомадҳои тантанавии варзишӣ, ҳангоми баргузории маросимҳои ҳарбӣ, ҳангоми баргузории маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ хонда мешавад. Ҳамин тавр Суруди миллӣ моро ба сӯйи қуллаи мурод, ободин кишвари маҳбубамон даъват мекунад.
То ҷаҳон бошад диёрам, Тоҷикистон, зинда бод!
Сарзамини номдорам, Тоҷикистон, зинда бод!
Гулшану бощу баҳорам, Тоҷикистон, зинда бод!
Равнақу авҷу барорам, Тоҷикистон, зинда бод!
Исломова Р., омӯзгори МТМУ №4

Шарҳ диҳед