Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » САҲМГУЗОРӢ ДАР ОРОМИВУ СУБОТИ КИШВАР

САҲМГУЗОРӢ ДАР ОРОМИВУ СУБОТИ КИШВАР 

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанги мардум, ифтитоҳи як ҷумла иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил ва ҷашни 27 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори КӯҲистони Бадахшон сафар намуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти умумии рақами 4 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин туҳфаи беҳтарин буд барои сокинони ноҳия дар иди Истиқлолият.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ноҳияи Ванҷ бо сифати баланди меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии хониш мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари маорифпарвари мамлакат зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз 27 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо табрик намуданд.

Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон оиди ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ва ташкили ҳаргуна чорабиниҳои судманд, дар самти боло бурдани савияи дониши насли наврас дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш ба Бадахшон аз тамоми мардум даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ҷинояткориҳо бо мақомоти маҳаллӣ ва қудратӣ ҳамкорӣ намоянд. Ин таклифу дастури Пешвои миллатро бархе аз нохалафон бар зидди сулҳу оромӣ унвон доданд, ки хатои маҳз маҳсуб меёбад ва рафтори ноҷавонмардонаи ин қабил фитнагаронро мо маҳкум менамоем.

Мо омӯзгорон бояд ба ҳамаи ғамхориҳои Президенти кишвар нисбати маорифчиён ва рушди босубти кишвар бо хизмати софдилонаву содиқона ҷавоб дода, бояд шогирдони худро дар руҳияи ватандӯстӣ худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия намуда, ба воя расонем, ки дорои хислатҳои неки инсонӣ буда дар оянда ба халқу ватани худ хизматҳои содиқона намоянд, саҳмгузори сулҳу суботи ҷомеа бошанд.

Имрӯз мо кормандони соҳаи маориф баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба мутоилаи китоб саҳмгузор бошем. Моро зарур аст, ки дар истифодаи аз меъёр зиёди компютер аз тарафи насли наврас бепарво набошем. Имрӯз мо бояд тамоми малакаву дониши худро барои бунёди ҷомеаи озод, баҳри ҳаёти осоишта ва оромиву суботи ҳар як гӯшаи кишвар равона созем.

 Обидова. Ҳ. Ю.,

омӯзгори гимназияи №2

шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед