Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Салимпул — дастнигари наҳзатиҳои хунхор

Салимпул — дастнигари наҳзатиҳои хунхор 

Мирзохутик Салимпур бо супоришу сарпарастии хоҷагони хориҷияш дар расонаи хабарии иғвоангезаш “Ахбор.ком” бо пахши матлабҳои зиддимиллӣ даст зада истодааст, ки пур аз дурӯғу туҳматҳо нисбати давлату миллати тоҷик мебошад. Ин аблаҳи Мирзохутик оғои Салимпур рӯйирост дуруғ мегӯяд ва сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ нишон медиҳад. Ин афроди пулпарасти мансабпараст аз шуғли рӯзноманигорӣ истифода намуда, ҷиҳати ба даст овардани даромадҳои муфту бе дарди миён сомонаашро ба як “фоҳишасомона” табдил дода, ин касбиятро бадном намудааст. Мирзохуги Салимпул боре ҳам андеша намекунад, ки эҳтимол як сухани дурӯғи ӯ метавонад ба оқибатҳои нохуши сиёсию иҷтимоӣ оварда расонад. Танҳо ин чоплуси наҳзатӣ бо майлу хоҳиши роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ-М.Кабирӣ матлабҳои иғвоангезро ба нашр мерасонад.
Ба ҳамагон маълуму равшан аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта чунин журналистоне ба ном “равшанфикр” ба монанди Салимпул пайдо гашта, бо супориши наҳзатиҳои ифротӣ дар васоити ахбори омма маводҳои дурӯғинеро зери ниқоби маҳфумҳои “Озодандешӣ”, “Меҳандӯстӣ” “Миллатдӯстӣ”, “Озодӣ” ба нашр расониданд. Дар натиҷаи ин дасисабозиҳои ҷурналистони наҳзатӣ мардуми кишвар ба маҳалҳо, миллатҳо тақсим гардида, байни онҳо зиддиятҳо ба вуҷуд омад ва оқибати ин бесарусомниҳо ба ҷанги граҷданӣ дар кишвар оварда расонид. Маҳз ҳамин сенарияи таҳрезишудаи хоҷагони хориҷии ташкилоти террористии наҳзатӣ буд, ки як кишвари ободу осуда ба харобазор табдил гашт, мардуми зиёди бегуноҳу камбағал дар ин ҷанги хонумонсуз ҳалок гардиданд, бе ному нишон шуданд, аз ватан беватан гаштанд. Ҳанӯз ҳам захмҳои он солҳои мудҳишу даҳшат пурра шифо наёфтаанд. Мутаассифона барои Салимпулу дигар рӯзноманигорони пулпарасти наҳзатӣ ин дарси ибрат нагардида боз ба ин амали нангин даст зада истодаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ миёни аҳолӣ нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварда, сулҳу суботро дар кишвари азизамон халалдор созанд.
Бояд зикр кард, ки Мирзохуги Салимпул чанд сол пештар дар шабакаи Радиои Озодӣ кор мекард. Вале бинобар хислатҳои бади инсонӣ доштанаш, аз ҷумла мансабпарастию пулпарастӣ, хасисию кинагирӣ ва муомилаи хуб бо коллективи кормандон надоштанаш, аз ин ниҳод ронда шуда буд. Баъдан Мирзохуги Салимпул, ки аз ҳама идораҳои пурнуфуз ронда шуд ба хотири ба даст овардани пулу моли муфт хизматгори хоҷагони хориҷӣ ва Кабирии наҳзатӣ гашта, чи амру супорише, онҳо медиҳанд ин аблаҳ бо ҷону дил ба иҷро мерасонад. Дар ин аблаҳи чоплус хислатҳои мардигарӣ, нангу номус ба назар намерасад, танҳо мақсадаш бо кадом роҳе набошад, ба даст овардани сарват мебошад.
Дар охир чунин гуфтаниям, ки Мирзохуги Салимпул баҳри соҳиб шудан ба сарвату моли дунёӣ, дастнигари наҳзатиҳои хунхор шуда, ба амалҳои хиёнаткоронаи ин ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, ки нисбати миллату давлати тоҷик кардааст, ҳамроҳ гаштааст ва дер ё зуд барои ин хиёнаташ ӯ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.
Ҷ.Насриддинзода,
мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед